Саъдии шерози бани одам аъзои якдигаранд

Саъдии Шерози

Нарафт ӯ як қадам берун зи Шероз,
Ҷаҳон аз баҳри ӯ Шероз буда.
Канори оби Рукнобод умре
Варо ҷои ниёзу ноз буда.

Басо аз тангии Аллоҳу Акбар
Накӯтар дид паҳнои ҷаҳонро.
Чу сайёҳе ҷаҳонро дарнавашт ӯ
Фақат аз тарфи гулгашти Мусалло.

Басо дар оби Рукнобод рӯ шуст,
Ки ёбад обрӯи ҷовидона,
Ки бошад шеър чун ойинаи об,
Чу дарё лаб занад шеъру тарона.

Басо биншаст ӯ андар лаби ҷӯ,
Ки нахли шеър бошад реша дар об,
Ки шеъраш доимо тар бошаду сабз
Ба мисли сабзаҳои тарру шодоб.

Басо биншаст бо ёре лаби кишт,
Ки пошад дар ҷаҳон тухми суханро.
Кунад ёде зи кишту ҳосили умр
Дар ин дунё, дар ин дунёи зебо.

Лаби кишту лаби обу дами хуш,
Лаби ҷому лаби ёри гуландом –
Ҳамин будаст нақди зиндагонӣ
Варо аз ин ҷаҳони бесаранҷом.

Нарафт ӯ як қадам берун зи Шероз,
Вале олам ба Шероз ояд имрӯз.
Тавофи хоки поки Ҳофизи ринд
Ҳама одам ба Шероз ояд имрӯз.

Источник

САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Тани одамӣ шариф аст, ба ҷони одамият

На ҳамин либоси зебост, нишони одамият

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият

Хуру хобу хашму шаҳват шағаб асту ҷаҳлу зулмат

Ҳайавон хабар надорад, зи ҷаҳони одамият

Ба ҳақиқат одамӣ бош, вагарна мурғ бошад,

Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият

Саъдӣ шоири порсигӯ, адибе барҷаста, ки тавонистааст бо забони пурзарофату зебоӣ назму насри ин миллатро ороише бештар дода бошад.

Шайх Муслиҳиддин Мушрифиддин, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ки бо номи Саъдии Шерозӣ машҳур гаштааст, дар асри ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ дар Шероз ба дунё омадааст. Улуми диниву адабиро дар айёми хурдӣ аз мактаби Шероз гирифт ва пас аз таҳсили ибтидоӣ ба Бағдод рафта, назди донишманди машҳури он замон Шаҳобуддин Умари Сӯҳравардӣ дар мадрасаи Низомия дониш афзуд. Он ҷо таърих, сираи набавӣ, фанни хитобаро фаро гирифт ва баъдан барои касби таҷриба ба Ироқ, Шом, Макка, Байтулмуқаддас, Тароблус ва Димишқ рафт. Чун баъди ин сафари дуру дароз ба зодгоҳи худ баргашт, ба навиштани асарҳои гаробаҳои худ “Бӯстон” ва “Гулистон” пардохт.

Китоби “Бӯстон”дар даҳ боб ва дар қолаби маснавӣ навишта шудааст. Мазмуну мӯҳтавои ин китоб ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ба дарду ғаму шодии ҳам шарик шудан, дуруст зистан, аз хашму ҳасад дурӣ ҷустан ва ба камоли инсоният расиданро талқин менамояд.

“Гулистон” низ бо санъати зебову равону ширини насри мусаҷҷаъ қаламдод шудааст. Ин асар аз 8 боб иборат аст.

“Куллиёт”, “Мавоъиз”, “Соҳибия”, “Қасоиди Саъдӣ”, “Маросии Саъдӣ”, “Муфрадоти Саъдӣ”, китобҳои “Насиҳат-ул-мулук”, “Рисола дар ақлу ишқ”, “Алҷавоб”, “Маҷолиси панҷгона” ва “Ҳазлиёти Саъдӣ” ин ҳама асарҳои ин сухансарои номӣ маҳсуб меёбанд.

Маҳорати ширинбаёнӣ ва тасвиру ташбеҳоти гуворову васфношуданӣ дорад шоир. Талху шириниҳои ҳаёташро дар ғазалиёт ва ҳикоёташ ба қалам кашида хонандаро барои дарёфти саодати зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад. Саъдӣ тамоми осори хешро дар қолабҳои рубоӣ, қазида, ғазал ва маснавӣ ба тарзи соддаву равон тараннум намуда, ишқу шӯру шавқро ончунон ба қалам кашида, ки тасвири навине аз ғазалсаройӣ бо василаи ӯ оғоз гардида вадар замони Ҳофиз такомул ёфтааст.

Қоидаҳои вазну мусиқӣ дар осори Саъдӣ ба сурати комил риоят шудааст. Хонанда дар шеъри ин адиби барҷаста, пеш аз он ки ба санъатҳои адабиву бадеӣ таваҷҷӯҳ кунад, ба равониву офариниши зебои печ дар печи калом ҷазб мешавад. Танзу зарофатгӯйӣ низ дар навиштори шоир баръало ҷойгоҳи хоса дорад. Танзи ӯ саршор аз рӯҳи зиндаи ҳаёт аст ва то ҳар замони оянда таъсиргузору пояндагӣ дорад.

Ҷойгоҳи Саъдӣ дар миёни бузургони адабии ҷаҳон хеле арзишманд аст, ки бо ин сабаб бисёре аз шоирони ҳаммиллати мо ва миллатҳои ғайр низ дар ситоиши пуртаъсирии қаламаш дур чидаанд.

Тарҷимони асари “Бӯстон”-и Саъдӣ бо забони фаронсавӣ Борби де Минор дар бораи обрӯю нуфузи ӯ дар Аврупо унвон кардааст:” Аз тамоми нависандагони шарқӣ Саъдӣ танҳо шоирест, ки мавриди дарку дарёфти Аврупоиён қарор гирифта ва иллати ин ифтихор ва эътибори ӯ ин амр ба шумор меравад, ки Саъдӣ дар “Гулистон” ҷомеи тамомии сифоте баршумурда мешавад, ки зебошиносии навини замона хостори он аст” Солҳои поёни умри азизи ин суханшиноси бузург дар хилват сипарӣ шуда ва ба навиштани тараннумҳои зебои худ машғул будааст. Саранҷом дар нимаи дувуми асри ҳафтуми ҳиҷрии хуршедӣ дунёро тарк гуфтааст

Давлати Бритониёи Кабир, ки дарвозае дорад чун вурудгоҳи як шаҳри қариб кулли халқиятҳои ҷаҳон вуҷуддошта ва дар пештоқи он дарвоза бо ҳуруфи зарҳалкор навиштаанд, дубайтие аз Саъдии бузургвор. Маълум, ки байте беҳтару мувофиқтаре аз ин пайдо нашудааст.

Бани одам аъзои якдигаранд

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд

Чу узве ба дард оварад рӯзгор

Дигар узвҳоро намонад қарор

МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

ИМОН ВАЛЕРИЯ ПОРОХОВА

Шояд писандатон ояд

Бузургони таърихӣ

САЪД ИБНИ МУЪОЗ

Номи пуррааш Саъд ибн Муъоз ибн Нӯъмон ибн Имруълқайс ибн ал-Ашъал ал-Авсий. Ҳанӯз дар овони хеле ҷавонӣ роҳбари қабилаи худ буд. Саъд ибн Муоз (Худованд розӣ бошад) исломи мубинро дар 31 солагӣ пазируфта, қадами устувор дар ин ҷода гузоштанаш ҳам ҳодисаи аҷиберо дар пай дорад. Бо тавсияи ҳазрати паёмбар (дуруд бар равонашон) Мусъаб ибни Умайр ва мусалмонони ясриб мардумро ба дини ислом даъват менамуданд. Қироати қуръон ва таълими аҳкоми шариатро бо усули хубе миёни аҳоли таблиғ мекарданд. Гоҳо нафароне пайдо мешуданд, ки ба мақсади куштори Мусъаб наздаш мусаллаҳ меомаданд. Аммо Мусъаб ибни Умайр (Худо розӣ бошад) бо муносибати хуби инсонвор, қироату тафсири оёт, каломи гуворо бобати ислом ва талқини роҳи ҳақиқат дили мухолифро самти худ моил мекард ва беихтиёр пазируфтани ин дини мубин тариқи ӯ то рафт ривоҷ меёфт. Бештари мардуми қабилаҳои Авс ва Ҳазраҷ, аз ҷумла Саъд ибни Муъоз ва Усайд ибни Ҳузайр ном бузургони қавм низ бар ислом гаравиданд. Баъди исломпазирии Саъд ибни Муъоз, мардум гурӯҳ-гурӯҳ мусалмон мешуданд. Мусалмонони Мадина дар Ақаба бо расули акрам дуруд бар равонашон пинҳонӣ вохӯрда, мулоқотҳо менамуданд ва аз сӯҳбати бузургвор баҳра мебардоштанд. Саъд ибни Муъоз ҳам ҷамъеро раҳбарӣ карду ба инчунин мулоқот шитофт ва чун дар мулоқотгоҳ ҳозир гардид, шабонгоҳ буд ва се марду ду бону низ ҳамон ҷо интизори он Ҳазрат буданд. (дуруд бар равонашон). Ин ду бону Насиба бинти Каъб ва Асмо бинти Амр буданд. Чун паёмбари киром дуруд бар равонашон ҳозир шуданд, ҳамроҳи худ амакашон Аббос низ буданд.

Расули акрам (дуруд бвр равонашон) фармуданд, то аз ин гурӯҳи бузург 12 нафарро нақиб интихоб кунанд ва дар ин миён Саъд ибни Муъоз низ иштирокчии як мулоқоти бузург дар таърихи ислом гардида буд. Он зоти муборак дуруд бар равонашон оёте аз Қуръони карим тиловат карданд ва бар нақибон фармуданд: “ Ончуноне, ки Исои Марям кафили қавми худ буд, кафили мардум бошед. Ман ба қавми худ кафилам” Баъди андак боз фармуданд: “Он чуноне, ки фарзанду ҳамсару хонаводаатонро аз ҳар нуқсе ҳимоягаред, маро ҳам аз он ҳимоягар бошед. Ман байъататонро қабул дорам” Баро ибни Маърур дасти мубораки Паёмбари киромро (дуруд бар равонашон) гирифту аввалин шуда байъат кард. Баъд дигарон низ як-як байъат намуданд. Саъд ибни Муоз мушаррафи ҳамин ҳодисаи таърихӣ буд. Расулуллоҳ дуруди Худо нисорашон бод, вақто ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат намуданд, дарвозаи Саъд ибни Муоз ва аҳли қабилааш барои муҳоҷирон боз буд. Аҳли ин қабила молу мулки худро беминнат бар муҳоҷирон тақдим медоштанд.

Ҷанги бадр ҳам оғоз шуд. Ҷониби мухолифи мусалмонон саропо мусаллаҳ ва шуморашон якчанд маротиб афзунтар буд. Саркардае бо номи Миқдод ибни амр бархост ва ҷониби расули акрам (дуруд) хитоб намуд: «Эй Расули Аллоҳ! Бо амри Парвардигоршитобед, мо бо шумоем. Мо мисоли Бани Исроил намегӯем, ки туву Худованд бо душман ҷангидан гиред, мо фориғем. Мо дар баробари шумо бо душманони дини Худо мубориза мебарем. Қасам ба номи Худое, ки Шуморо дар роҳи ҳақ фиристод, моро тодуртарин Барқул Ғимо раҳнамун созед ҳам, тайёрем, ки сафарбар шавем. Расули Худо (дуруд) аз ин калом хушнуд гардида, дар ҳақаш дуои нек намуданд. Баъдан рӯй оварданд ҷониби ансориён, то фикри ин қабилаи бузургро низ шунаванд. Саъд ибн Муъоз Худо рози бошад, бархосту нидо кард: “Эй расули Аллоҳ, моро дар назар доред?”

Бале гуфтанд паёмбар дуруд бар равонашон.

Саъд ибни Муъоз гуфт: “. Мо ба шумо имон овардем ва бароятон башорат додем. Мо шаҳодат медиҳем, ки он чизе, ки шумо овардед, рост аст. Гӯш бар шумо дорем ва паймон бо шумо бастем ва ба номи Худо қасам, ки агар дарёро нишон гиреду ҳамон сӯй амр кунед ҳам, мешитобем. Ҳар киро мехоҳед дар паҳлӯятон гиред, ҳар киро намехоҳед, дур бошед. Молу мулкамонро низ бар Шумо бахшидем ва он қимате, ки бо шумост аз оне, ки бо худ дорем,бароямон азизтар аст. Қасам ба номи он Худо, ки ҷонам ба дасти ӯст, дар ин роҳ ҳаргиз набудам ва чи роҳе буданашро ҳам намедонам, аммо аз душман ҳаргиз ҳарос надорам. Мо ҳамеша содиқ мемонем ва шояд ки Худованд моро бо ҳаводисе рӯбарӯ созад, ки боиси шодии чашмони Шумо гардем. Соябоне бояд рост кунем, то зераш бошед, сипас худ бо душман бархӯрд дошта бошем.

Агар Аллоҳ моро азиз карда бар муқобили душман ғолиб орад, чи хубе, аммо агар кор ҳоли дигар гирифт, савори шутурҳо ба қафо баргардед, зеро гурӯҳе дигар дар ақибгоҳ низ омода дорем.”

Ҳазрати паёмбарро (дуруд) аз ин калом хуш омад ва гуфтанд:

«Эй Саъд! Аллоҳ магар аз ин беҳтар ҳам ҳукм мекунад. Саф кашед ба ҳукми Ӯ, ки ман ҷиҳати шикасти душманро аён дида истодаам.” Сухани Расули Худо (дуруд) бар дилҳо шӯълаи умед бахшид ва лашкар омодаи набард шуд. Ҳамон рӯз бо амри паёмбар (Дуруд) се адад парчам омода карданд ва якеро Мусъаб ибни Умайр бардошт, ва дуи дигарро Алӣ ибни Абӯтолиб ва Саъд ибни Муъоз боло доштанд. Дар таърихи дини мубини ислом шадидтарин ҷанг барпо гардид ва авваалин парчамбардорон дар ҳамин асно шарафёб буданд. Саъд ибни Муъоз аз ғояти муҳаббати қавӣ бар расули Аллоҳ (дуруд) шамшер урён медошт ва дар назди хаймаи бо чӯбу пӯсти дарахти хурмо сохташудаи он ҳазрат посбонӣ мекард. Аслан фикри бинои хайма ва посбонӣ кардании Расули Аллоҳ (дуруд) низ аз худи Саъд ибни Муоз сар зад. Саъд марде бениҳоят сахӣ буд. Барои хурсандиву ризои паёмбар чизеро дареғ намедошт. Ин хислати Саъдро аз ҳодисаи дар рӯзи тӯйи ҳазрати Алӣ ва Фотимаи Заҳро ба вуқӯъ пайваста низ, пай бурдан мумкин аст. Он рӯз расули акрам (дуруд) ба Алӣ ибни Абӯтолиб рӯй оварда гуфтанд, ки барои арӯс бояд зиёфате ороем. Он гоҳ Саъд фавран як гӯсфанди парварда овард ва қавмаш чанде ҷуворимакка ва бо ҳамин тӯй барпо шуд. Имом Ибни Моҷа аз Абдуллоҳ ибни Зубайр розияллоҳу анҳудан ривоят мекунанд,ки «Расулуллоҳ дуруди Худо нисорашон ҳамроҳи Саъд ибни Муоз ифтор карданд ва баъдан чунин дуо намуданд: “Афтора индакум ас-соимуун ва акала таомакум ал-аброр ва соллат алайкум ал-малоика», яъне «Дар ҳузуратон рўзадорон ифтор карданд, таоматонро некон тановул фармуданд ва фариштаҳо бароятон салавот гуфтанд» Ин дуо ана аз ҳамон лаҳзаҳо барои мусалмонон суннат монда аст.

Дар ҷанги уҳуд бошад мусалмонон ба санҷиши шадиде рӯбарӯ шуданд. Тирборони ҷониби душман он қадар бошиддат буд,ки дар атрофи паёмбар барои посбонӣ танҳо содиқтаринҳо боқӣ монданд. Дар қатори ҳамон шумори кам саъд ибни Муъоз низ иштирок дошт. Камари худро маҳқам баста паёмбарро (дуруд) ҳимоя мекард.

Ибни Абу Шайба Амр ибн Шураҳбийл (худо розӣ бошад) ривоят мекунад: «Саъд ибн Муъоз худо розӣ бошад дар задухӯрди Хандақ тир хӯрд ва хуни ӯ ҷониби Расулаллоҳ мешорид. Ҳамин асно Абу Бакр худо розӣ бошад ҳозир шуду гуфт: “Эҳ, миёнам шикастаасту”

Он гоҳ расули Худо дуруд гуфтанд: “Ором бош, эй Абу Бакр”

Баъдан Умар Худо розӣ бошад ҳозир шуда: «Инна лиллаҳи ва инна илайҳи рожиъун!» гуфт.

Расули Аллоҳ гуфта буданд: Арши Худованд аз марги Саъд ибни Муъоз ба ларза даромад”

Источник

Понравилась статья? Поделиться с друзьями:

Читайте также:

  • Сахарный диабет можно ли париться в бане
  • Сахарный диабет и баня совместимы
  • Сафоново баня режим работы
  • Сафоново баня на горном
  • Сафари печь для бани

  • Stroit.top - ваш строительный помощник
    0 0 голоса
    Article Rating
    Подписаться
    Уведомить о
    0 Комментарий
    Старые
    Новые Популярные
    Межтекстовые Отзывы
    Посмотреть все комментарии